«Ҳафтаи китобҳои бачагона» дар Мактаби президентӣ

Апрель 5, 2016 11:46

Хоруғ 5.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни Мактаби президентии шаҳри Хоруғ фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китобҳои бачагона» доир гардид, ки дар он хонандагон аз тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзиданд.
Дар баробари намоиши китоб, рӯзномаву маҷаллаҳои бачагона, ҳамчунин хонандагон маҳсули дастони худро ба шумули муҳраю дастпонаҳо, тоқию шерозаҳо, расму хаккокиҳои рӯи сангро ба маърази тамошо гузоштанд. Корманди китобхонаи бачагонаи вилоят Насрингул Давлатшоева гуфт, ки имсол низ хонандагон ба ин фестивал бо шавқу ҳаваси беандоза омодагӣ диданд.
Аз рӯи асарҳои шоиру нависандагони тоҷик саҳначаҳои ҷолиб таҳия ва пешкаши ҳамсолону волидон ва меҳмонони фестивал гардонида шуданд.
Айни ҳол дар ҳудуди ВМКБ 185 китобхона, аз ҷумла 12 китобхонаи бачагона фаъолият менамоянд. Дар ин китобхонҳо 133 ҳазор нусха китобҳои гуногун маҳфуз мебошанд ва ҳамасола аз як то ду ҳазор китоб тавассути «Корвони китоб» ба китобхонаҳо ворид мегарданд.

Апрель 5, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»