Ғалабаи душвори «истиқлолиҳо» дар даври сеюм
Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дирӯз дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода “Регар ТадАЗ” чемпиони чоркаратаи кишвар- “Истиқлол”-и Душанберо ба ҳузур пазируфт. Бозӣ ниҳоят тезутунд гузашт. Соҳибони майдон тавассути голи задаи Комрон Турсунов аллакай дар дақиқаи 5-уми вохӯрӣ ба сафи пеш баромаданд ва бо натиҷаи 1 бар 0 ба танаффус рафтанд.
Сармураббии дастаи “Истиқлол” Мубин Эргашев барои баробар кардани ҳисоб низоми бозиро дигар карда, ба ҷои муҳофизатгарон-Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук ва Маҳдии Чоҳҷӯӣ — Аҳтам Назаров, Нозим Бобоҷонов ва Акмал Холматовро ба майдон баровард.
Дар натиҷа Акмал Холматов дар дақиқаи 49-ум натиҷаро баробар кард. Баъди 4 дақиқаи дигар Манучеҳр Ҷалилов голи дуюмро ба самар расонида, меҳмононро пешсаф кард. Аммо бо норозигӣ аз ин натиҷа муҳофизатгари турсунзодагиҳо Алишер Шарифов ҳисобро баробар кард. Агар голи дуввуми Манучеҳр Ҷалилов (голи сеюми “Истиқлол”) вориди дарвоза намегардид, соҳибони майдон соҳиби як имтиёз мешуданд.
“Истиқлол” пеш аз сафар ба Урдун, ки дар он ҷо бозии навбатии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро рӯзи 26-уми апрел бо клуби “Алфайсалӣ” барпо мекунад, ғалабаи сеюми худро ба даст оварда, дар бозии сеюми мавсими соли 2016 бо натиҷаи 3 бар 2 комёб шуд.
Бозиҳои боқимондаи даври навбатӣ рӯзҳои 23-юм ва 24-уми апрел барпо мегарданд. “Хуҷанд” бо “Парвоз”, “Хайр” бо КМВА “Помир”, “Ҳосилот” бо “Вахш” ва “Барқчӣ” бо “Равшан” вориди рақобат мешаванд.








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






