Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ таҳким меёбад
Душанбе, 14.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти вазорат бо гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг», намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз масҷидҳои ҷомеаи шаҳри Душанбе, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва курсантони Вазорати корҳои дохилӣ доир гардид.
Мақсади вохӯрӣ аз мустаҳкам намудани ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз қабили гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ҳамчунин суҳбати озоду самимӣ бо ҷавонон ва қадрдонӣ намудани нафароне, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амният саҳми арзанда гузоштаанд, иборат буд.
Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки имсол соли чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аст ва мо барои пешбурди ҷомеа дар ҳама соҳаҳои ҳаёт бояд дар якҷоягӣ саъю кӯшиш намоем.
Дар анҷоми мулоқ шаҳрвандоне, ки дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва дарёфт намудани силоҳу аслиҳа саҳми арзанда гузоштаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






