Ҳамкории Ҷопон дар бозсозии мактабҳои деҳот
Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи ба номи Саъдии Шерозии ноҳияи Вахш сохтмони Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) №29 ва дар деҳаи «Сомонобод»-и ноҳияи Бохтар бунёди МТМУ №8 ба анҷом расид.
Ин мактабҳо дар доираи лоиҳаи кумакҳои бебозгашти Ҷопон бо сарфи беш аз 200 ҳазор доллари ИМА сохта шуданд. Ба ҷуз ин дар чаҳорчӯби тарҳи мазкур ба шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус таҷҳизоти муосири амалиётӣ бо арзиши қариб 88 ҳазор доллари амрикоӣ дастрас гардид.
Аз ҷониби ин барнома ба хотири беҳсозии сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба дармонгоҳи минтақавии №1-и ҷамоати деҳоти «Наврӯз»-и ноҳияи Носири Хусрав низ дастгоҳҳои замонавии тиббӣ, ки арзиши умумиашон беш аз 100 ҳазор доллари амрикоист, тақдим шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






