Ҳамкории вилоятҳои Суғду Синтсзян – Уйғури Чин
Душанбе, 28.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 26 апрели соли 2016 ҳайати расмии вилояти худмухтори Синтзян — Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Тибқи барномаи сафар меҳмонон 25 — 26 апрели равон ба вилояти Суғд сафар карданд.
Меҳмонон пас аз шиносоӣ бо ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атроф 26 апрел дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ мулоқот намуданд. Анвар Яъқубӣ ва директори Ассотсиатсияи тараққиёти туризми Зарафшон Ҷ. Юсупов оид ба мавзеъҳои таърихӣ ва имконоти туристии вилоят сухан гуфтанд.
Инчунин байни Ассотсиатсияи ташкилотҳои ёрирасон ба инкишофи рушди туризми Тоҷикистон ва Раёсати туризми вилояти худмухтори Синтсзян — Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






