Ҳамоиш бахшида ба рӯзи даъватшавандагон дар Файзобод
Файзобод, 01.04.2016.(АМИТ «Ховар»). Имрӯз дар Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод бахшида ба рӯзи даъватшаванда дар комиссариати ноҳия ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидайни наваскарон ҳузур доштанд. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон комиссариати ҳарбии ноҳия дар ин рӯз 25 ҷавонро ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар сафарбар намуд.
Дар ҳамоиш раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон ва собиқадорону падару модарон ба наваскарон роҳи сафеду хизмати софдилона тамано намуданд. Инчунин раиси ноҳия ба волидайни наваскарон ваъда дод, ки ҳукумати ноҳияи Файзобод пайваста аз ҳоли онҳо бохабар шуда, мушкилоти онҳоро ҳал мекунад.