Ҷанни Инфантино: Тағйирот дар Ҷоми ҷаҳон- 2018

Апрель 20, 2016 10:41

Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи футболи ҷаҳонӣ Ҷанни Инфантино, ки имрӯзҳо бо мақсади шиносоӣ аз макони баргузории бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон- 2018 ба шаҳри Маскав омадааст, дар суҳбат ба хабарнигорон арз кард, ки дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон дар Русия истифодаи такрори наворҳо барои доварон ба роҳ монда мешавад. Ин дар ҳолест, ки Ҷанни Инфантино дар мансаби Президенти FIFA ҳамагӣ аз 26 феврали соли 2016 нишастааст.
“Мо, -гуфт ӯ,-қарори таърихиро дар бораи истифодаи видео-довар қабул кардем. Дар давоми се сол мо онро таҷриба мекунем. Бовар дорам, ки Чемпионати ҷаҳон дар Русия аз аввалин мусобиқоте хоҳад буд, ки дар он ин навигарӣ ворид мешавад.”
Моҳи март Шӯрои ассотсиатсияҳои футболи байналмилалӣ қарори худро дар мавриди истифодаи видео-довар ба тасвиб расонд ва сар аз мавсими соли 2017/18 он ду сол санҷида мешавад. Инфантино далел овардааст, ки аллакай як Конфедератсия ва 12 Ассотсиатсияҳои миллии футбол барои истифодаи ин шакли нав омода будани худро баён кардаанд.
Бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон дар Русия аз 14 июн то 15 июл дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия; Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Нижний Новгород, Саранск, Калининград, Волгоград, Екатеринбург, Самар, Сочӣ ва Ростови лаби Дон гузаронида мешаванд.

Апрель 20, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд