Артиши Туркия 11 ҷангии ДИ-ро дар Сурия нобуд сохт
Душанбе, 29.04.2016 / АМИТ «Ховар» /. Қувваҳои артиллерии Туркия ба мавқеъҳои ҷангиёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» дар минтақаи шаҳри Ҷараблуси Сурия оташ кушоданд. Бино ба иттилои сомонаи хабарии «Хаберлер» дар натиҷаи зарба 11 ҷангӣ нобуд карда шуд.
Батареяҳои артиллерӣ, ки дар ҳудуди шаҳристони Қарқамиши музофоти Газиантеп ҷойгир шудаанд, ба сӯи ҷангиён оташ кушоданд. Пештар ба қаламрави ин шаҳристон панҷ снаряди миномет, ки аз ҷониби ДИ аз Ҷараблус холӣ шуданд, афтоданд. Яке аз снарядҳо ба танки худгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Туркия афтод. Дарҳол пас аз ин, артиш бо истифода аз бесарнишинҳо ба нуқтаҳои ба ном ДИ оташи ҷавобӣ кушод, иттилоъ медиҳад ТАСС.
Дар натиҷаи афтидани снаряд дар қаламрави Туркия касе зарар надид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






