Азми обтаъминкунандагон
Турсунзода, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мо тамоми чораҳоро меандешем, то ки зироати мардум дар тамоми фаслҳои сол бе об намонанд»,- иброз дошт сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Турсунзода Саъдулло Ишмирзоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Кормандони идораи мазкур нақшаи тоза намудани ҷӯйборҳо, заҳбуру заҳкашҳо, таъмири иншооти гидротехникӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкуниро пурраву барзиёд иҷро намуданд. Онҳо барои дар ҳолати хуби мелиоративӣ нигоҳ доштани замин, ки асоси фаровонҳосилӣ аст, тадбирҳои судманд меандешанд. Ҳоло обтаъминкунандагон дар тоза намудани каналҳои Ала-чопон ва канали Шодмон — қазоқ саҳми арзанда мегузоранд. Кормандони идораи мазкур барои сарфакорона истифода бурдани об, саҳм гузоштан дар корҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин барои боз ҳам боло бурдани фарҳанги заминдории мардум корҳои фаҳмондадихӣ ва тадбирҳои муҳим меандешанд.