Ба донишҷӯёни ДСРТ тарзи дурусти пур кардани бюллетенҳои интихоботӣ фаҳмонида шуд
Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Масоили марбут ба раъйпурсии қарибулвуқўи умумихалқӣ, ки 22 май дар кишвар баргузор мегардад, имрӯз зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар он масъулини Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф ва илм, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.
Корманди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Ҷамшед Ҷамшедов оид ба моҳият ва мақсади баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Зикр шуд, ки то баргузории раъйпурсии умумихалқӣ рӯзҳои башумор мондаанд ва дар айни замон бо мақсади огоҳонидани сокинони кишвар масъулини вазорату идораҳо корҳои фаҳмондадиҳиро гузаронида истодаанд.
Инчунин дар вохӯрии имрӯза масъулини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҷавонон оқибатҳои гаравиш ба гурӯҳҳои ифротгаро ва пешгирии раванди шомилшавии онҳо ба ин гурӯҳҳоро фаҳмониданд. Зикр гардид, ки ҷавонону наврасон бояд маърифату маънавиёти худро комил сохта, ҳамчун як фарди соҳибмаърифат ва мутахассиси варзида ба Ватану миллати хеш хизмат намоянд.
Дар вохӯрӣ ба донишҷӯён тарзи дурусти пур кардани бюллетенҳои интихоботӣ ва зарурати иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаҳмонида шуд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






