Баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ- омили афзоиши буҷаи оила
Душанбе, 1.04.2016. (АМИТ «Ховар»). «Яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ — ин баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд дар марҳилаи гузариш қарор дошта, зарурати коркарди ҳарчӣ бештари механизмҳои тақвияти маърифати молиявии сокинони мамлакат ба миён омадааст,- гуфт ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат зимни чорабинии илмӣ, ки бо ибтикори кафедраи хизматрасонии бонкии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва дастгирии Фонди президентии тадқиқоти бунёдӣ доир гардид. Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Зарурати баландбардории маърифати молиявии аҳолӣ ва нақши он дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ» баргузор гардид.
Директори маркази таълимии Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Р.Сайисмонов доир ба таҷрибаи мамолики ҷаҳон дар самти баландбардории маърифати молиявии аҳолӣ андешаронӣ намуд.
Корманди масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Қаюмова дар мавзўи Зарурати баландбардории маърифати молиявии аҳолии Тоҷикистон дар шароити буҳрони иқтисодӣ маърўза намуд. Номбурда иброз дошт, ки баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, пеш аз ҳама, омили афзоиши буҷаи оила мебошад. Бо назардошти ин нукта, имрўз зарурати пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ба миён омадааст. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, худи бонкҳо бояд манфиатдор бошанд.
Роҳбари маркази таълимии ҶСК Агроинвестбонк Баҳром Шарипов дар бобати пешниҳоди қарз ба мизоҷон ва мушкилоти баргардонидани он дар давраи буҳрон дар иқтисодиёти миллӣ маърўза кард.
Кибриё Уроқова-корманди масъули Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ гуфт, ки маҳз бо мақсади ҳимояи ҳукуқҳои истеъмолкунандагон дар назди Бонки миллии Тоҷикистон шуъбаи мустақил ташкил шудааст. Шуъбаи мазкур омода аст ҳама вақт барои ҳалли муаммоҳои бамиёномада миёни муштариён ва бонкҳо кумак намояд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






