Баргузории раъйпурсӣ -шаҳодати рушди равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 20.04.2016,/АМИТ «Ховар»/. 22 майи соли 2016 рӯзи баргузории раъйпурсӣ аст. Ин маъракаи сиёсӣ бо мақсади бунёди як ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят зарур мебошад. Раъйпурсӣ яке аз тадбирҳои дар сатҳи зарурӣ мукаммал гардонидани конунгузории миллӣ, ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, равшанӣ андохтан ба масоили ҳуқуқии сохторҳои шохаҳои ҳокимият ва амсоли он ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои хешро дар арсаи байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, дар амалӣ намудани сиёсати дохилӣ кадамҳои устувор гузошта, сиёсати хориҷиашро дар заминаи асосҳои сулҳҷӯёна ва дарҳои боз ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ, бо мақсади боз ҳам тақвият ёфтани сиёсати дохилӣ, инчунин ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани сохт ва шакли давлатдорӣ, зарурати гузаронидани раъйпурсӣ пеш омадааст. Ин раъйпурсӣ на танҳо ба нафъи миллати тоҷик, балки барои барқарор кардани муносибатҳо бо давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ки Тоҷикистон бо онҳо муносибати дӯстона дорад, як фазои мусоиди ҳамкории қавӣ ва демократӣ ба вуҷуд меорад.
Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии умумихалқӣ буда, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо роҳи раъйпурсӣ, яъне овоздиҳии умумихалқӣ ворид карда мешаванд.
Мардуми тоҷик хушбинона аз ин раъйпурсӣ истиқбол мекунад, зеро оромии кишвар, сулҳу субот, ваҳдати милливу истиқлолияти кишвар ба сатҳи баргузории он, таклифу пешниҳодоти мушаххаси шаҳрвандон вобаста аст. Итминони комил дорем, ки ин маъракаи сиёсӣ дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Ҳоло чорабиниҳо доир ба омодагӣ ва баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар саросари ҷумҳурӣ ҳамаҷониба идома дошта, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шудани он дар Тоҷикистон 68 ҳавза ва 3239 участкаи раъйпурсӣ ташкил карда шудааст.
Ҳикматулло Хоҷаев,
сиёсатшинос








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






