Боздиди роҳбарияти ВКД аз Маркази таълимӣ-фароғатӣ дар Шаҳристон
Душанбе, 18.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 16 апрели соли равон роҳбарияти ВКД дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз Маркази таълимӣ фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон боздид ба амал овард.
Зимни боздид вазири корҳои дохилӣ дар заминҳои холибудаи Маркази таълимӣ дарахтони сояафкан ва ниҳолҳои гуногун шинонида, барои сабзазоркунии атрофи биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ дастуру супориш дод.
Мавриди зикр аст, ки Маркази таълимӣ-фароғатӣ барои омодабошӣ, машғулиятҳои низомию махсус ва табобату тавонбахшии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар масоҳати 12 гектар бунёд ёфтааст.
Дар он майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол, ҳаммом, ҳавзҳои шиноварӣ ва анбори бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз, инчунин 8 бинои таълимии дуошёна, маҷлисгоҳ, ошхона бо 150 ҷойи нишаст, меҳмонхона, амфитеатри тобистона, машқгоҳи саҳроӣ ва ҷойи тирпарронӣ мавҷуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






