Cоли 2016 — Соли рушди неруи зеҳнӣ дар Хатлон

Апрель 26, 2016 11:15

Қурғонтеппа, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Бахшида ба эълон гардидани соли 2016-Соли рушди неруи зеҳнӣ дар шаҳри Қурғонтеппа  конфронси илмӣ таҳти унвони «Рушди неруи зеҳнӣ-бақои тамаддуни миллат» доир гардид.
Тавре  аз шуъбаи  иттилоотӣ-таҳлилии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  иттилоъ доданд, дар  конфронс муовини раиси вилояти  Хатлон Махфират Хидирзода оид ба рушди неруи зеҳнӣ ва  фароҳам  овардани имкониятҳо  барои олимони ҷавон,   ихтирокорон ва ҳимояи ҳуқуқи муаллифон сухан гуфт.
Ҳамчунин дар конфронс устоди Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав профессор Хушвахт  Абдуназаров дар мавзӯи «Марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳамчун иттиҳодияҳои муттаҳидсозии неруи зеҳнӣ» ва унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Муҳаммадӣ дар мавзӯи «Нақши тафаккури давлатӣ дар рушди неруи зеҳнӣ»  маърӯза карданд.
Бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон соли 2016 дар вилоят «Соли рушди неруи зеҳнӣ» эълон  шудааст.

Апрель 26, 2016 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст