Дар Афғонистон фармондеҳи маҳаллии ҳаракати «Толибон» боздошт гардид
Душанбе, 18.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Полиси миллии Афғонистон як фармондеҳи маҳаллии ҳаракати «Толибон»-ро дар музофоти Сарипул боздошт кард. Дар ин бора рӯзи якшанбе Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хабар дод.
«Фармондеҳи маҳаллии воҳиди мусаллаҳ Азизуллоҳ аз ҷониби полиси миллии Афғонистон рӯзи шанбе пас аз оғози амалиёти махсус дар минтақаи Сангчараки музофоти Сарипул боздошт гардид», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар.
Ҷангии дастгиргардида масъули ҳамла ба неруҳои амниятӣ, гузоштани минаҳо ва насби дастгоҳҳои таркандаи худсохт дар ин музофот мебошад.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки полиси миллии Афғонистон ҳамчунин дар минтақаи Чашмашири шаҳри Сарипул дастгоҳи таркандаи худсохтеро дарёфт карда, безарар намудааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






