Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Хатлон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт
Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар семоҳаи якуми соли равон нишон дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон фаъолияти корбариро аз рӯи иҷрои дурнамо, барномаҳо ва нақшаҳои тасдиқгардида амалӣ намуда, бо истифода аз захираҳои дохилӣ рушди иқтисодиёти вилоятро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуданд.
Дар давраи сипаригардида маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 1 миллиарду 979 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 283 миллион сомонӣ зиёд ва афзоиш 6,6 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳанда ба сари ҳар як нафар аҳолӣ 649 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 113 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 192 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 21,6 миллион сомонӣ ва ҳамин давраи соли 2015-ум 56,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 415,7 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз зиёд аст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






