Дар Душанбе «Хонишҳои ломоносовӣ» баргузор шуданд
Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе «Хонишҳои ломоносовӣ» бо иштироки устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардиданд.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ татбиқ ва пешниҳоди корҳои илмии донишҷӯёну устодони филиали донишгоҳ мебошад. Ба иттилои директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Сайъало Мирзоев, ҳамасола моҳи апрел дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Маскав конфронси илмию амалӣ баргузор мегардад ва устодону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар он иштирок намуда, корҳои илмии худро муаррифӣ мекунанд.
Тибқи гуфтаҳои Сайъало Мирзоев, дар конфронси имсолае, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, як устод ва шаш шогирди филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе иштирок ва маърӯза намуда, бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






