“Диси инвест” соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид
Душанбе, 11.04.2016 /АМИТ«Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии Агентии “Тоҷикстандарт” дар вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал дастаи “Диси Инвест” –и Душанбе бар “Сипар”-и Хуҷанд бо натиҷаи 3 бар 0 ғалаба карда, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Вохӯрӣ ниҳоят тезутунд гузашт ва бо ҳамлаи тарафайн сурат гирифт. Дар нимаи аввали бозӣ ягон даста ба задани гол муваффақ нагардид.
Баробари оғоз гардидани нимаи дуввуми бозӣ муҳофизатгари “Сипар” Паймон Сарлак ба хатоӣ роҳ дода, тӯбро ба дарвозаи дастааш равон карда, “Диси Инвест”-ро ба сафи пеш баровард.
Футзалбозони соҳили Сир барои баробар кардани ҳисоб дарвозабонашонро бо бозингари майдон иваз карданд ва ин ба “Диси Инвест” имкон фароҳам овард, ки дар дақиқаҳои охири мусобиқа ба задани ду голи дигар мушарраф шаванд. Аввал Муҳаммад Раҳмонов ва баъдан Шавкат Ҳалимов аз зарбаи 10- метра ба дарвозаи “Сипар” ду голи дигар зада, натиҷаро ба 3 бар 0 расониданд ва дар мавсими футзали соли 2016 аввалин ҷоизаашонро ба даст оварданд.
Бозингари беҳтарини вохӯрӣ Муҳаммад Раҳмонов дониста шуд. Ба дастаҳо медалҳо супорида шуданд. «Диси инвест» Ҷоми мамлакатро соҳиб шуд.








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






