Форуми иқтисодӣ-фарҳангӣ дар Ҳамбурги Олмон
Душанбе, 25.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва мусоидати Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳамбурги Олмон ба пешвози ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳамбург форуми иқтисодӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар Форуми мазкур наздики 200 нафар иштирокдорон, аз ҷумла доираҳои сиёсӣ, намояндагони парлумон, соҳибкорон ва намояндагони корпуси дипломатӣ ва ҳамватанони муқими Олмон ширакт варзиданд.
Дар Форум Сафири Тоҷикистон дар Олмон М. Неъматов оид ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва дастовардҳои 25 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар маълумот дод.
Ҳамзамон ба иштирокдорон муаррифиномаи фазои сармоягузорӣ, имконияту захираҳои иқтисодӣ ва қонун дар бораи ҳифзи сармоягузории кишвар пешниҳод гардид.
Сипас паёми муовини канслери Олмон Зигмар Габриел ба иштирокдорони форум расонида шуд. Вакили Бундестаги Олмон, аъзои Кумитаи байналмилалӣ Юрген Климке ба сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон баҳои баланд дода, дастовардҳои солҳои охири Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамаи бахшҳо назаррас арзёбӣ намуд.
Дар бахши фарҳангии Форум Сафорат гӯшаи фарҳангӣ созмон дода, маводи зиёди таблиғотиро пешкаши ҳозирин намуд. Барномаи консертӣ ва намоиши либосҳои миллӣ аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд






