Гардиши умумии молӣ дар вилояти Хатлон

Апрель 28, 2016 09:49

Душанбе, 28.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 900 адад эъломияҳои  барасмиятдарории гумрукӣ  дар зарфи се моҳи соли равон аз ҷониби кормандони  Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 120 адад зиёд аст.
Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки дар ин давра  гардиши умумии молӣ дар қаламрави вилояти  Хатлон беш аз 90 ҳазор тонна ва бо арзиши гумрукии зиёда аз 100 миллион доллари  амрикоиро ташкил дод, ки  дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи  соли сипаригардида  қариб 19  ҳазор тонна кам  ва зиёда аз 38 миллион доллари амрикоӣ зиёд гардидааст.
Гардиши умумии содироти молӣ дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 42  ҳазор тонна бо арзиши гумрукии беш аз 32 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта наздик ба 30 ҳазор тонна зиёд аст. Воридоти мол дар ин давра зиёда аз 50 ҳазор тонна ва маблағи беш аз 70  миллион доллари амрикоиро  ташкил медиҳад.

Апрель 28, 2016 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад