Китобхонаи миллӣ аз шарикони мубодилаи байналмилалӣ 113 китоби нав гирифт

Апрель 19, 2016 09:36

Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали соли равон аз шарикони мубодилаи байналмилалии китоб 113 номгӯй китоб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид шуд.

Китобҳои номбурда аз китобхонаҳои  Ӯзбекистон, Озарбоҷон, Русия, Миср, Арманистон, Корея, Ветнам ва чанд кишвари дигар тақдим шудаанд.
Дар миёни ин китобҳо асарҳои машҳур, аз қабили ашъори шоири тавонои рус, дорандаи Ҷоизаи Нобел Иосиф Бродский,  рубоиёти ҳаким Умари Хайём бо забони русӣ, мунтахаби Шайх Саъдӣ, «Бобурнома»-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур, китоби «Мухаммад-Посланник и Пророк», «Изменения диалектов в арабских современных стихах», «Из истории Русской интеллигенции», «Этюды о Пушкине»- и С.Л.Франкс, «Пушкинская традиция в русской поэзии первой половины ХХ века»-и  В.В.Мусатов ва ғайра низ ҳастанд.

 

Апрель 19, 2016 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд