КМТ донишҷӯёнро ба китобхонӣ даъват намуд
Душанбе, 28.04.2016./АМИТ«Ховар»/. «Даъват ба китобхонӣ ва Китобхонаи миллӣ»- чунин ном дошт мулоқоте, ки дирӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёну устодон ва сардорони шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Абубакр Аминов, сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти Китобхонаи миллӣ донишҷӯёнро ба китобхонӣ даъват намуда, зикр намуд, ки миёни хонандагони онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қисмати зиёдро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар семоҳаи аввали соли равон 3108 донишҷӯ ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд.
Ҷамил Валиев, сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва Фотима Ёқубова, сардори шуъбаи хизматрасонии махсус ба иштирокдорони вохӯрӣ дар бораи фаъолияти китобдорӣ, омадани донишҷӯён ба Китобхона ва чорабиниҳои ҳармоҳаи он барои афроди дорои имконияти маҳдуд маълумоти муфассал доданд.
Дар қисми дуюми барнома Назира Толибова, сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ дар бораи хизматрасониҳои шартномавӣ ва Фаридун Азизов дар бораи толорҳои хониш бо истифода аз асбобҳои аёнӣ ба ҳозирин маълумот доданд.
Барно Самиева, корманди Китобхона дар бораи варақаҳои таблиғотӣ маълумот дода, намунае аз онҳоро миёни ҷамъомадагон тақсим кард.
Дар фарҷоми мулоқот кормандони Китобхонаи миллӣ донишҷӯёнро ба китобхонӣ ва китобхона даъват намуда, таъкид намуданд, ки аз чунин шароит ва имконияте, ки имрӯз давлату Ҳукумати мамлакат барои онҳо фароҳам овардааст, самаранок истифода бурда, савияи дониши худро баланд бардоранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






