Конфронс оид ба пешгирии ифротгароӣ дар Бадахшон

Апрель 26, 2016 11:34

Хоруғ, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Шӯрои ҳамоҳангсозии сохторҳои ҳифзи ҳукуқи ВМКБ дар мавзӯи «Пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро» конфронс баргузор гардид. Дар  конфронс ходимони илму маориф, имомхатибони масоҷид, халифаҳо ва аҳли зиё ширкат намуданд.
Прокурори вилоят Дороб Асозода аз гаравиши ҷавонони тоҷик ба равияҳои тундгаро ва ихтилофангез изҳори нигаронӣ намуда, баён дошт, ки бештари онҳо бо сабаби надоштани маълумоти дуруст ва саводи кофӣ дар бораи дини Ислом ба чунин роҳ қадам ниҳодаанд. Ислом дини сулҳхоҳу оромтабиат аст ва аз рӯзи пайдоиши худ инсонҳоро ба ваҳдату тавҳид даъват намудааст. Куштани инсон дар ислом гуноҳи азим шуморида мешавад. Аз ин рӯ, ташкили чунин суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонон хеле муҳим ва саривақтист.
Ҳоло аз шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон дар даргириҳои дохилии кишварҳои хориҷӣ, бо шумули Сурия зиёда аз 20 нафар ширкат доранд. Ба ҷуз як нафар аз ноҳияи Шуғнон дигарон зодаи ноҳияи Ванҷ мебошанд.
Намояндаи ноҳияи Ванҷ Рустам Шехов гуфт, ки аксарияти ин ҷавонон баъди кор дар кишвари Русия шомили гурӯҳҳои ифротгаро шуда, баъдан ба кишвари  Сурия рафтаанд. Номбурда пешниҳод кард, ки аз ҳисоби намояндагони дин, олимону шоирон як гурӯҳи  вижа таъсис дода шавад ва ба кишвари Русия сафарбар гардад. Баъди ин сафар мо  сабабҳо ва одамони миёнравро пайдо карда, пас аз он тадбирҳои мушаххас меандешем.
Конфронс бо мубодилаи афкор перомуни роҳҳои муассири пешгирӣ аз ифротгароӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба поён расид.

Апрель 26, 2016 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст