Кумакпулӣ ба иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон

Апрель 26, 2016 10:12

Душанбе, 26.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори ҷашни 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба  иштирокдорон ва маъюбони ин ҷанг 2000 сомонӣ кумакпулии яквақтаина расонад. Аз ин маблағ 1500 сомонӣ аз буҷети шаҳр, 500 сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо карда мешавад.
Инчунин ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар саҳифаи таърих бо номи «Иди Ғалаба» сабт гардидааст, чун анъанаи солҳои қаблӣ дар боғҳои  фарҳангу фароғатии пойтахт барномаҳои идонаи консертӣ ва сайругашти оммавӣ ташкил карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  633 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон умр ба сар мебаранд, ки  11 нафари онҳо дар озод намудани шаҳри таърихӣ ва каҳрамони Ленинград (Санкт-Петербурги ҳозира) аз муҳосираи фашистон иштирок намудаанд

Апрель 26, 2016 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст