Лигаи олӣ: Имрӯз даври дуввум оғоз мегардад

Апрель 16, 2016 11:36

Душанбе, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо бозии байни дастаҳои “Равшан” ва “Ҳосилот”ва КМВА “Помир” ва “Хуҷанд”даври дуввуми Чемпионати кишвар дар Лигаи олӣ шурӯъ мешавад.
“Равшан” дар даври аввал дар вохӯрӣ бо дастаи “Хайр” бо натиҷаи 4 бар 0 мағлуб шуда, дар мавсими имсола бори аввал дар варзишгоҳи худ “Ҳосилот”-ро ба ҳузур мепазирад.
“Хуҷанд” баъди ғалаба дар майдони худ бар “Вахш” бо ҳисоби 2:1 бозингаронашро дар варзишгоҳи “Политехникум” имтиҳон мекунад.
Бозии аввалро довар Баҳром Саъдуллоев аз шаҳри Қурғонтеппа ва дувумро Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак ҳакамӣ мекунанд.
Рӯзи якшанбе “Истиқлол” бо “Барқчӣ”, “Вахш”бо “Хайр” ва “Парвоз” бо “Регар ТадАЗ” вориди майдон мешаванд.

Апрель 16, 2016 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд