Мулоқот бо занони соҳибкори Қурғонеппа
Қурғонтеппа, 14.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа бо занони соҳибкор вохӯрӣ гузаронд.
Гулбаҳор Маҳкамова, роҳбари Ассотсиатсияи мазкур ба соҳибкорзанони вилояти Хатлон оид ба озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Беҳтарин бонуи соҳибкори сол», Ҷоизаи «Фараҳ-2016» маълумот дод. Ў ҳамчунин зикр кард, ки ба иродаву ҷасорат ва донишу малакаи соҳибкории бонувони ин минтақаи кишвар эътимод дорад ва умедвор аст, ки онҳо дар озмуни имсола низ фаъолона ширкат меварзанд. «Иштирок дар ин озмун имконияти хубест барои эътирофи муваффақиятҳои занон, баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии занон»,-изҳор дошт ӯ.
Дар ин бора аз бахши робита бо ҷомеаи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон иттилоъ доданд.