Мулоқот оид ба раъйпурсӣ дар ДДХ
Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Б. Ғафуров мулоқоти кории ҳайати роҳбарияти ин донишгоҳ ва устодону донишҷӯён бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, муовини аввали раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, раиси Суди вилоят Анвар Иброҳимзода, прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов ва раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода баргузор гардид.
Маҳмадалӣ Ватанзода оид ба аҳамияту нуктаҳои муҳими тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар сухан ронда, таъкид намуд, ки «Санади асосии кишвар имрӯз бо назардошти рушду ташаккулёбии самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат ва эҳтиёҷ ба такмили меъёрҳои ҳуқуқӣ таҳлилу омӯзиш ёфта, барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ бароварда мешавад».
Бахтиёр Худоёрзода изҳор дошт, ки: «Баргузории ин чорабинии муҳими давлатӣ бояд тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда ва сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардад».
Ректори ДДХ Анвар Мақсудов таъкид намуд, ки: «Ин тағйиру иловаҳо барои ҷавонони эҷодкору лаёқатманд имконияти дубора хоҳанд дод, то пайваста илму дониш омӯзанд ва ба маснадҳои баланд расанд».
Баъди анҷоми мулоқот ҳайати корӣ аз сатҳи омодагии участкаи овоздиҳии № 17, ки дар мактаби таҳсилоти умумии № 2 ва участкаи №6, ки дар мактаб-парваришгоҳи махсуси ёрирасони шаҳр воқеъ гардидаанд, шинос шуданд. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ба роҳбарони участкаҳо доир ба беҳтар намудани шароити корӣ ва низоми раъйдиҳӣ дастуру супоришҳо дод.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






