Нақшаи машваратҳои бисёрҷониба миёни ниҳодҳои хориҷии ИДМ барои соли 2016 тасдиқ гардид

Апрель 8, 2016 16:53

Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Бино ба иттилои ВКХ-и Тоҷистон, дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов иштирок намуд.
Зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба доираи васеи ҳамкориҳои мутақобила дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва таъмини амният дар минтақа мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷаласа, инчунин нақшаи машваратҳои бисёрҷониба миёни ниҳодҳои хориҷии ИДМ барои соли 2016 тасдиқ гардида, оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ, масъалаҳои соҳаи тандурустӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи судӣ, тайёр кардани кадрҳои соҳавии ҳарбӣ, масъалаҳои марбут ба баргузории намоишгоҳи «ART EXPO” қарорҳои дахлдор қабул шуд.
Вазирони корҳои хориҷӣ пешниҳодотро роҷеъ ба муайян намудани ташкилотҳои базавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба кор бо ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ дар байни онҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Апрель 8, 2016 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд