Нуробод: 816 нафар ҷавонон бори аввал дар раъйпурсӣ овоз медиҳанд
Нуробод, 19.04.2016/АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти масъулини Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии № 10-и ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо собиқадорону кормандони ташкилоту муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонон доир гардид.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки Сарқонун шиносномаи давлату миллат ба шумор рафта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Он қонуни асосии давлат ҳисоб гардида, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мебошад. Риояи талаботи он барои шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ ва баробар мебошад ва бо шарофати қабули Сарқонун дар арсаи ҷаҳонӣ халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд. Воридсозии тағйиру иловаҳо ба ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мегардонад.
Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии №10- и ноҳияи Нуробод дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 52 участкаи райъпурсӣ таъсис дода, шумораи райъдиҳандагонро 36 ҳазору 945 нафар муайян намудааст, ки аз ин шумора 816 нафар ҷавонон бори аввал дар раъйпурсӣ иштирок менамоянд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






