Оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон таҳти унвони «Namaste Tajikistan»
Душанбе, 21.04.2016/АМИТ «Ховар»/. «Namaste Tajikistan» / «Салом Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон шоми 20 апрел дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбек Шамсиддинзода баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустонро дар Тоҷикистон қадами устуворе дар самти таҳкими ҳамкории фарҳангии ду кишвари дӯст- Тоҷикистон ва Ҳиндустон арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки мардумони тоҷику ҳиндро аз қадимулайём решаҳои дӯстӣ ва фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ин аст, ки дар сарзамини афсонавӣ ва фарҳангдӯсти Ҳинд даҳҳо нобиғаҳои оламшумули тоҷику форс чашм ба олами ҳастӣ кушода, бо осори гаронарзиши худ дар таҳким ва рушди адабиёти тоҷику форс нақши муассир гузоштаанд. Шоирони бузурги классики тоҷик, ба мисли Мирзоабдулқодири Бедил, Зебуниссо, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дигар бузургони олами илму маонӣ дар ҳавзаи адабии Ҳинд зиндагию эҷод намуда ва дар ин сарзамин мадфун гардидаанд.
Дар кӯчаи Бухорои Душанбе қомат афрохтани муҷассамаҳои ду шахсияти бузурги Ҳинд- Маҳатма Гандӣ ва Робиндронат Такур аз таҳкими ҳамкории фарҳангии ду кишвар ва рушди равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон дар қарни 21 шаҳодат медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки Рӯзҳои фарҳангии Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори нахуст баргузор гардида, дар ин росто ҳайати 14-нафараи санъаткорони Ҳинд ба Душанбе ташриф овардаанд.
Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҳунармандону ромишгарони ҳиндӣ аз марказҳои фарҳангии кишвари мо, назири Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуда, бо фарҳангу тамаддуни тоҷикон шинос гарданд. Инчунин ҳайати фарҳангиёни Ҳиндустон ба шаҳрҳои бостонӣ ва сайёҳии Ҳисор ва Норак ташриф оварда, Қалъаи Ҳисор ва Неругоҳи барқи обии Норакро тамошо намуда, аз расми меҳмонпазири тоҷикон бархӯрдор мегарданд. Ҳамзамон ҳайати ҳунармандони ҳиндӣ дар Варзишгоҳи марказӣ ё Қасри фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор ва Норак /вобаста ба вазъи ҳаво/ ва Боғи «Ирам»-и Душанбе барномаи ҷолиби консертиро пешкаши дӯстдорону мухлисони созу наво ва рақсу сурудҳои ҳиндӣ мегардонанд.
Ҳайати ҳунармандони Ҳиндустон ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода ташриф оварда, бо барномаи консертӣ табъи устодону донишҷӯёни ин ду даргоҳи маърифатро болида хоҳанд кард.
Дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон дар Тоҷикистон ромишгарон ва ҳунармандони Ҳинд барномаи ҷолиби консертиеро, ки аз созу наво ва рақсҳои ҷолиби ҳиндӣ иборат буд, пешкаши иштирокдорони ин чорабинии фарҳангӣ гардониданд.













«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






