Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2016
Душанбе,20.04.2016/АМИТ«Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2016 озмун эълон намуд. Ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мудирон ва мураббиёни кўдакистонҳо, роҳбарону омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мақомоти роҳбарикунандаи маориф, кормандони идора ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, кормандони Академияи илмҳои педагогӣ, ки дар раванди таълиму тарбия комёбиҳои барҷаста ба даст овардаанд, пешниҳод карда мешаванд.
Ҷоиза аз 5 мукофот иборат буда, маблағи ҳар яки он 2 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Озмун барои гирифтани Ҷоиза дар ду сол як маротиба доир мегардад.Ҷоиза аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






