Ҷоми ҷаҳон- 2018: Дастаҳои мунтахаби муваффақи Осиё ҳарифонашонро шинохтанд
Душанбе, 12.04.2016 (АМИТ «Ховар»). Дар натиҷаи қуръакашии даври охири бозиҳои Ҷоми ҷаҳон 2018, ки финали он дар кишвари Русия баргузор мешавад, дар қитъаи Осиё дастаҳои мунтахаби муваффақ дар ду гурӯҳ ҳарифони худро муайян карданд.
Тибқи қуръакашие, ки дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё- шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд, дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Чин, Қатар ва Сурия, дар гурӯҳи “В” тимҳои мунтахаби Австралия, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Амороти Мутаҳидаи Араб, Ироқ ва Таиланд бо ҳам омаданд.
Вохӯриҳо аз 1 сентябри соли 2016 оғоз гардида, то 5 сентябри соли 2017 идома меёбанд.
Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибон ва барандагони мақомҳои дуввуми гурӯҳҳо мустақиман ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳхат мегиранд. Соҳибони ҷойҳои сеюми гурӯҳҳо барои роҳ пайдо кардан ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон бо ҳам қувва меозмоянд.
Ғолиби ин ҷуфти бозиҳо бо соҳиби мақоми 5-уми CONCACAF барои ноил шудан ба як роҳхати дигар муборизаро идома медиҳад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






