Ошкор гардидани беш аз 90 ҳолати қонуншиканӣ

Апрель 26, 2016 11:13

Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ  «Ховар»/.  Аз  оғози сол беш аз 90 ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии  гумрук дар вилояти Хатлон ошкор гардидааст. Ҳолати қонунвайронкунии гумрукӣ нисбат ба ҳамин давраи  соли  гузашта тамоюли  пастшавӣ дорад, зеро ин омор дар семоҳаи аввали соли 2015 наздик ба 120 ададро ташкил дода буд,- иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 93 ҳолати қонушиканиҳое, ки дар бахши гумрукӣ аз ҷониби кормандони  Раёсати  минтақавии гумруки вилояти Хатлон ошкор гардидаанд, 1 ҳолати он ба ҷиноят ва боқимондааш ба ҳуқуқвайронкуниҳои  маъмурӣ марбут аст.
Гуфта мешавад, ки  бо кушодани парвандаҳои ҳуқувайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ беш аз 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, ба буҷаи кишвар ворид гардидааст.

Апрель 26, 2016 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид