«Пешво-ифтихори миллат»-армуғони идона

Апрель 1, 2016 15:37

Душанбе, 01.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Пешво-ифтихори миллат»-ро ҳамчун армуғони идона зери назари академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдуҷаббор Раҳмонзода, мураттиб Ҳабиб Сулаймонӣ ва муҳаррир Садриддин Ҳасанзода бо теъдоди ҳазор нусха ба табъ расонид.
Ин китоб силсилаи мақолаҳои олимон, сиёсатмадорон, адибону рӯзноманигорони шинохтаи ҷумҳуриро дар бар мегирад, ки фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омӯзиш қарор дода, нақши воқеии ӯро чун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ бозгӯ мекунанд.
Аз ҷумла, Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон дар мақолаи «Пеши раҳи ту во бод » чунин ёдовар шудааст: «Боиси шодмонии бениҳоят аст, ки кишварҳою созмонҳои зиёди муътабар низ ин ҷаҳду талошҳои милливу байналмилалӣ, саҳми барҷастаи Президенти Тоҷикистонро на танҳо дар бунёди давлати пойдори демократӣ, балки дар таҳкими рукнҳои ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадр мекунанду ба ҷоизаҳои бонуфузи хеш сазовор медонанд. Аз ҷумла, сазовори санад ва нишони унвони пурифтихори «Пешвои асри XXI»- ҷоизаи яке аз бонуфузтарин ва сахтгиртарин созмонҳои ҷаҳонӣ-Ҷомеаи Аврупо гардидани Эмомалӣ Раҳмон далели бебаҳси як давлати воқеан демократӣ бунёд намудани Ҷаноби олӣ, саҳми бузурги ӯ дар рушди демократияи воқеӣ ва исботи ҳодии роҳи раҳоии давлат ва Пешвои миллат будани ин шахсияти беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол аст».
Фарҳод Раҳимӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навиштаи «Пешвои миллат- ифтихори миллат» мегӯяд: «Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи ӯ барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ, барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад».
Абдураҳим Холиқзода доктори илмҳои ҳуқуқ, дар мақолаи «Бунёдгузори давлати миллӣ» овардааст: «Инъикоси симо ва корномаи шахсе, ки халқи бедавлатро соҳиби давлат карда, ба халқи ноумед умед оварда , ба ҷойи кинаву адоват ваҳдату дӯстиро ҳокими сарзамин намудааст, аз ҳар шахси эҷодкор диди васеи назариявӣ ва амалиро тақозо дорад ».
Ҳамчунин дар маҷмӯа очерку мақолаҳои М. Сайфиддин «Президенти мардумӣ», З. Саидзода «Рисолати фарзанди асили миллат», С. Икромӣ «Асосгузори воқеии сулҳи тоҷикон » ва ғайра дарҷ гардидаанд.

Апрель 1, 2016 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад