Рӯзи дарҳои кушод дар Муассисаҳои давлатии саломатӣ

Апрель 7, 2016 14:50

Душанбе, 7.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар Тоҷикистон проблемаи бемории қанд аҳамияти ҷиддии тиббию иҷтимоӣ дорад. Ҳар сол дар Тоҷикистон афзоиши шумораи умумии беморони диабети қанд, нишондодҳои аввалия ва умумии беморӣ ба қайд гирифта мешавад. 1%-и муриш дар кишвар ба бемории қанд рост меояд. Дар айни ҳол тадбиру чораҳои зиёд бар зидди ин беморӣ пеш гирифта шудааст»,- гуфт муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимов зимни нишасти матбуотие ки ба «Рӯзи байналмилалии солимӣ» бахшида шуда буд.
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем 7 апрел дар саросари кишвар «Рӯзи байналмилалии солимӣ» таҷлил мегардад.
Аз субҳи барвақт сокинони пойтахт ба муассисаҳои давлатии тиббӣ барои ташхис, муоина ва машварат омада буданд. Дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи ҶТ» кормандони соҳаи тиб, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ширкатҳои бонуфузи дорусозии кишвар ба аҳолӣ маслиҳату машварат дода истодаанд. Ҳарчанд, ки ин рӯз ба бемории қанд бахшида шуда бошанд ҳам, тамоми мутахассисони соҳаи тиб ба мардум хизмат расонида истодаанд.
Аслан Латипов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ки аввалин маротиба дар чунин чорабинии тиббӣ ширкат варзида истодааст.
«Имрӯз дар ин марказ ман аз ташхиси бемории қанд гузаштам. Пас аз муайян намудани бемории қанд назди духутури асабшинос барои маслиҳат рафтам. Ман аз духтурон хело миннадорам, ки чунин ташхису машварати ройгонро ба аҳолӣ пешкаш мекунанд. Бояд зикр намуд, ки пас аз машварати духтури асабшинос ба ман доруҳои ройгон барои табобати асаб ва бемории қанд доданд»,- иброз намуд Аслан Латипов
Мирзонаим Каримов, роҳбари корхонаи «Амон чой» дар ин чорабинӣ ба мардум чойҳои табобатии корхонаашро пешкаш намуд.
«Чойҳое, ки имрӯз мо пешкаши мардум намудем, чойҳои шифобахшу табобатӣ мебошанд. Мо гиёҳҳои шифобахшро дар беш аз 50 гектар замин парвариш мекунем ва беш аз 200 кормандони мо гиёҳҳои шифобахшро аз минтақаҳои кӯҳии кишвар ҷамъоварӣ менамоянд. Моро давлату ҳукумат доимо дастгирӣ мекунанд ва мо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамкории зич дорем. Барои табобати бемории қанд мо як чойи махсусро бо истифода аз чанд намуд гиёҳҳои шифобахш омода мекунем. Пас аз 3 моҳи истеъмоли ин чой вазъи саломатии бемор беҳтар мегардад ва мо имрӯз ҳамаи чойҳои табобатиамонро барои аҳолӣ ройгон тақсим карда истодаем»,-иброз намуд роҳбари корхонаи «Амон чой».
Мутобиқи пешгӯиҳои Ташкилоти умумиҷҳонии тандурустӣ бемории қанд то соли 2030 ҳафтумин сабаби муриши одамон дар ҷаҳон хоҳад шуд.
Бино ба гуфтаи роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич бемории қанд метавонад инсонро ба зиёд шудани бемориҳои дилу рагҳо, нобиноӣ, заъфи гурдаҳо, маҳрум гаштан аз дасту пойҳо ва ҳатто ба марг оварда расонад.
«Аз соли 1980 то соли 2014 паҳншавии бемории қанд дар манотиқи Аврупо то 2% афзоиш ёфта, аз 5,3 % то 7,3%-и аҳолии аз 18 сола болорро фаро гирифтааст. Дар Аврупо 64 миллион нафар гирифтори бемории қанд мебошанд ва ҳамасола даҳҳо ҳазор одамон қурбони ин беморӣ мегарданд»,- зикр дошт Роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ.
Бояд гуфт, ки «Рӯзи дарҳои кушод», ки ба Рӯзи байналмилалии саломатӣ бахшида шудааст то бегоҳ идома меёбад.

Лайло Қосимова

Апрель 7, 2016 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба рушди инноватсионии илм конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар 42 сардхонаи шаҳри Ҳисор захираи маҳсулот идома дорад
Дар шаҳри Хуҷанд 297 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи дӯлона барои табобати бемориҳои рагу дил, асаб, диабети қанд ва тарбод муфид мебошад
«ЗАН-РОҲБАР». Дар минтақаи Рашт барои занони хизматчии давлатӣ машғулият доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Бо хизматчиёни давлатии ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Сангвор вохӯрӣ доир гардид
БАДАХШОН-МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ. Ҷаҳонгардон дилбастаи табиати нотакрори ин гӯшаи зебои Тоҷикистон гаштаанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ АРТРИТ. Ба ин беморӣ бештар нафарони фарбеҳ гирифтор мешаванд
Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ сохтмони хонаҳо барои зарардидагони офати табиӣ ба анҷом мерасад
Бо фаъолзанони ноҳияи Рашт мулоқоти судманд доир гардид
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ иштирок намуд