Рушди илмҳои иқтисодии ватанӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Апрель 29, 2016 17:30

Душанбе, 29.04.2016 / АМИТ «Ховар» /. 29-уми апрели соли равон дар ш. Душанбе, дар толори  Шўрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти мазкур оид ба мавзўи Рушди илмҳои иқтисодии ватанӣ бахшида ба ҷашни  25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 65-солагии таъсисёбии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ баргузор гардид.
Дар барномаи пленарии конфронс   директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, профессор Лутфулло Саидмуродов зимни  маърўза зикр кард, ки бо дастгирии мақомоти ҳукуматӣ ва роҳбарияти Академияи илмҳои АИ ҶТ олимони соҳаи иқтисод ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуданд.
Дар идомаи қисми пленарии Конфронси илмӣ олимони собиқадору маъруфи соҳаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ олимону  академикон  маърўзаҳои илмии худро манзури иштирокдорони Конфронс намуданд.
Конфронс кори худро дар нимаи дуюми рўз дар бахшҳои илмӣ идома дод.
Ҳамин тавр, иштирокдорони конфронс аз ҷумлаи олимони собиқадору олимони ҷавон, мудирони кафедраҳои назарияи иқтисодии донишкада ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, дар маҷмўъ дар ҳудуди зиёда аз 100 нафар,ба иштирокккунандагон дар масъалаҳои рушди илми ватанӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии ҶТ ва 65-солагии таъсиси Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ маърўзаҳои илмии пурмуҳтаво ва илман асоснок манзур намуданд.

Апрель 29, 2016 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад