Санги аз кӯҳафтода мошинро чаппа намуд
Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрели соли равон ронандаи мошини тамғаи “Чанху”, ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти “Боғи Ботаникӣ” ба самти кӯчаи Г. Имроншои шаҳри Хоруғ ба фалокат дучор шуд: аз сабаби боришоти зиёд ва фаромадани сел аз болои кӯҳ санги калон афтида, ба чархи тарафи чапи мошин зад ва мошинро ба ҷарии чуқуриаш 83 метр чаппа намуд.
Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири мошин, ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Хоруғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Мусофирони дигари автомашина ду сокини шаҳри Хоруғ марди 24 ва 23-сола, инчунин марди 21-солаи сокини ноҳияи Шуғнон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардиданд.