Суғд: Дар раъйпурсии умумихалқӣ 1 млн 370 ҳазор раъйдиҳанда иштирок хоҳад кард
Хуҷанд. 26.04.2016 /АМИТ “Ховар”/. 22 май дар вилояти Суғд дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 370 ҳазор нафар сокинони вилоят иштирок хоҳанд кард. Ин нукта 25 апрел зимни баргузории ҷаласаи корӣ, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир гашт, зикр гардид. Дар кори ҷаласа ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони участкаҳои интихоботӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ва фаъолон иштирок доштанд.
Тавре зимни ҷаласа таъкид гардид, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дошта, он, пеш аз ҳама, барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мусоидат хоҳад кард.
Тибқи иттилои масъулини мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, 22 май рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ дар вилоят 1 миллиону 370 ҳазор нафар сокинон дар 18 ҳавза ва 923 участкаи интихоботӣ раъй хоҳанд дод.
Аз теъдоди умумии раъйдиҳандагон 40 ҳазор нафари онҳо бори нахуст овоз медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






