Вазорати кишоварзӣ: фаъолияти семоҳа ҷамъбаст гардид
Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати кишоварзӣ оид ба «Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2016 ва вазифаҳои минбаъда» маҷлиси ҳайати мушовара таҳти роҳбарии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Сатторӣ баргузор гардид.
Муовини вазири кишоварзӣ оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар семоҳаи якуми соли 2016 ва вазифаҳои минбаъда» сухан кард. Вазири кишоварзӣ ҳисоботи роҳбарони сохторҳои вазоратро дар мавриди натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2016 оид ба рушди соҳаи чорводорӣ, растанипарварӣ, захираи тухмӣ, техникаи кишоварзӣ пурсон шуда, барои дар муҳлати муайяншуда ва ҳолати хуби агротехникӣ ба анҷом расонидани кишти пахта, истифодаи тухмии истеҳсоли ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, махсусан гушт ва тухми мурғ, ниҳолпарварӣ, ҷалби кадрҳои ҷавон ба соҳаи кишоварзӣ ва андешидани тадбирҳои мушаххас дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






