Задухӯрдҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрели соли равон соати 21:20- и шаб сарҳадбонони тоҷик бо гурӯҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», дар қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддирро пешгирӣ карданд.
Тавре Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳангоми гузаронидани амалиёт гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон иборат аз 6-7 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд. Ба амри сарҳадбонони тоҷик қочоқчиён итоат накарда, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд. Дар натиҷа як нафар аз қочоқчиён захмдор мешавад. Боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, аз тариқи қамишзор ба тарафи Афғонистон фирор мекунанд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса тақрибан 20 кг маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






