56 тонна шириниҳои муҳлаташон гузашта ва бозичаҳои кӯдаконаи бесифат боздошт гардиданд

Май 3, 2016 15:15

Душанбе, 03.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар яке аз нуқтаҳои фурӯши маркази савдои ҶСК «Фаровон» 56 тонна шириниҳои муҳлаташон гузашта боздошт гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни санҷиш муайян гардид, ки вазни умумии он дар маҷмӯъ 56 тоннаю 612 килограмм маҳсулоти қаннодию бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 46 ҳазору 612 тоннаи онро маҳсулоти қаннодӣ ва боқимонда 10 ҳазор тоннаи онро бозичаҳои кӯдаконаи истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил медиҳад. Муҳлати истифодаи маҳсулоти номбурда пурра гузашта, он ба таври қочоқ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми тафтишот маълум гардид, ки маҳсулоти қаннодӣ аз 138 номгӯй иборат буда, муҳлати барориши маҳсулоти номбурда аз соли 2008 то 2015-ро дар бар мегирад, ки он аллакай ғайриистеъмол ва ба саломатии кӯдакон хатарнок мебошад.
Истеъмоли маҳсулоти номбурда тибқи ташхиси лаборатории Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидиомологӣ бинобар сабаби ба талабот ҷавобгӯй набудан ба саломатии инсон хатарнок арзёбӣ гардид.
Маҳсулоти ошкоргардида бо риояи тартиби муқарраргардида аз нуқтаи савдо пурра гирифта шуда, дар анбори Раёсати молиявии хоҷагидории Хадамоти гумрук ҷойгир карда шуд.

Май 3, 2016 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад