Ҳайати баландпояи Саудӣ озими Душанбе мегардад
Душанбе, 23.05. 2016/АМИТ «Ховар»/. Фардо Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх бо сафари расмӣ озими Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Интизор меравад, ки раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх дар ҷараёни сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони баландпояи Тоҷикистон -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мулоқот намуда, маҷмӯи масъалаҳои таҳкими ҳамкории гуногунсоҳа ва мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, бахусус равобити парлумониро матраҳ менамояд.
Такими равобити байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкориҳои судмандӣ иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар аз ҳадафҳои асосии сафари раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Инчунин ҳайати баландпояи Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз шаҳри бостонии Ҳисор ва дараи зебоманзари Варзоб боздид хоҳад кард.
Назар ба иттилои Олимҷон Салимзода- раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот алҳол байни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият дорад.
Бояд тазаккур дод, ки Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ё Шӯрои машваратӣ ҳамчун мақоми машваратии қонунгузорӣ дар низоми идории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соли 1993 таъсис дода шудааст. Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ 150 аъзо дошта, онҳоро шоҳ таъйин менамояд. Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх аз соли 2009 инҷониб раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳишгарии Арабистони Саудист.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






