Ғалабаи сеюми пайдарпаи «Севиля» дар Лигаи Аврупо
Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии ниҳоии Лигаи Аврупо шоми дирӯз дастаҳои «Ливерпул»-и Англия ва « Севиля»-и Испания дар варзишгоҳи «Санкт-Якоб Парк»-и шаҳри Базели Швейтсария бо ширкати бештари мухлисони «Ливерпул» вориди рақобат шуданд ва бозӣ бо пирӯзии «Севиля» бо ҳисоби 3 бар 1 ба анҷом расид.
Ду мураббии мӯъҷизаофар-Юрген Клопп ва Унаи Эмерӣ ба мухлисон спектакли ҳақиқии нонавиштаи бозии ниҳоиро пешниҳод карданд, ки ҳаловаташ дер боз аз хотири мухлисони футбол зудуда нахоҳад шуд.
«Ливерпул» баъди голи Даниэл Стариҷ дар нимаи аввал ба сафи пеш баромад ва бо ҳамин як гол дастаҳо ба танаффус рафтанд.
Сармурабии «Севиля» Унаи Эмери ба футболбозонаш дар танаффус чӣ гуфт, онро аз бозии нимаи дуввум эҳсос кардан мумкин буд. Услубу тактикаи бозӣ тамоман тағйир ёфта буд. Дар сонияҳои аввал Кевин Гамейро натиҷаро ба мусовӣ кашид ва ду голи Коке «Севиля»-ро пайдарпай ба гирифтани Ҷоми лигаи Аврупо мушарраф гардонид.
Ин ғалаба имкон дод, ки бори аввал дар таърихи ин бозиҳо як даста се маротиба паси ҳам ин ҷоизаро ба даст орад ва соли оянда ба қатори иштирокдорони Лигаи чемпионҳои Аврупо шомил шавад.








Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад






