Ҳамоиш оид ба ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар барномаи ислоҳоти милитсия
Душанбе, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 4 майи соли равон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Бюрои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар доираи барномаи «Бунёди механизмҳои таъсирбахши ҳамкорӣ дар сатҳи маҳал миёни мақомоти милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти кумак ба ҳимояи зарардидагон аз зӯроварӣ дар оила» дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аъзои зергурӯҳи корӣ оид ба ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар барномаи ислоҳоти мақомоти милитсия ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа мушовир оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва муқовимат бар зидди савдои одамони САҲА Виорелия Русу дар мавзӯи мубодилаи таҷриба дар самти созмон додани механизмҳои ҳамкорӣ ва фаъолияти бисёрҷонибаи гурӯҳҳои корӣ дар расонидани кумак ва ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва таҷрибаи Ҷумҳурии Молдова дар ин самт ибрози андеша намуд.
Муовини сардори шуъбаи РҲТҶ ВКД Нуралӣ Қурбонов вобаста ба ҳолати кор нисбат ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар мавриди амалисозии ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», натиҷаҳои кор дар соли 2015 ва чор моҳи соли 2016 сухан гуфт.
Ҳадафи ҳамоиш аз истифодаи таҷрибаи якдигар дар самти ҳамкории байниидоравӣ дар самти расонидани ҳимоя ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, тақвият додани мубодилаи таҷриба миёни нозирони махсуси милитсия, ки оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият доранд, иборат буд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






