Ҷараёни маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон

Май 22, 2016 13:27

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ Ховар/. Аз субҳи содиқ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон бо пахши садои суруди миллии ҶТ, шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ҶИЭ  муваққатан зиндагӣ ва таҳсил менамоянд,  назди қуттиҳои овоздиҳӣ рафта, раъйи худро медиҳанд.
Ҷавонон, ки неруи созанда ва ҳомиёни давлату миллатанд, дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ ҳамеша пештоз мебошанд. Яке аз аввалинҳо шуда, донишҷӯёни Донишгоҳи пизишкӣ ва Донишгоҳи миллии Исфаҳон, Ҳамадон, Донишгоҳи Гургон, Қум ва Донишгоҳи байналмилалии Имом Хумайнии Қазвин бо теъдоди 179 нафар ташриф оварда, дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар-раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол ва назарраси худро ниҳода ва ба ин васила нақши худро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар гузошта истодаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон барои интихобкунандагон тамоми шароити мусоид фароҳам гардидааст. Вобаста ба ҷараёни интихобот мустақиман аз ҷониби масъулин ба комиссияи марказӣ иттилоъ ирсол мегардад.
Итминони комил дорем, ки шаҳрвандони муҳтарами мо ба хотири ободии кишвар, бунёди рушди устувори иқтисодиёт, сулҳу амният ва зиндагии осоишта барои ояндаи неки давлату миллати хеш раъй хоҳанд дод.

Май 22, 2016 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад