ҶҲАТ зери шиори «Дар ҳама ҷо ва барои ҳама» амал мекунад
Душанбе, 6.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 5 маи соли равон дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон нишасти хабарӣ оид ба «Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузор намудани «Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» паҳн намудани андешаҳои инсондӯстона ва ҷалби таваҷҷуҳ ба фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мебошад.
Тибқи иттилои Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Қурбониён Баҳодур, соли панҷум аст, ки дар Тоҷикистон «Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» роҳандозӣ шуда, ҷашни имсола зери шиори «Дар ҳама ҷо ва барои ҳама » баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар тӯли панҷ соли охир Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зиёда аз 35 ҳазор нафар, ки аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон зарар дидаанд, кумак намудааст. Аз охири соли 2015 то имрӯз ҷамъият бо дастгирии Маркази хайриявии «Кинг Салмон» -и Арабистони Саудӣ ба аҳолии зарардида аз офатҳои табиӣ кӯрпаи гарм, печкаҳои махсуси гармидиҳӣ, ангишт ва маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввалия расонидааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






