Ҷавонон ҷонибдори рушди босуботи кишваранд
Б.Ғафуров, 4.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳамбастагӣ бо Шӯрои Иттифоқи ҷавонони ноҳия 4 майи соли равон ба муносибати маъракаи муҳими сиёсӣ- Раъйпурсии умумихалқӣ таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори рушди босуботи кишвар» ҳамоиш баргузор гардид. Наздик ба 10 ҳазор нафар ҷавонон бо шиору овезаҳо, парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбӣ таҳти садои карнаю доира роҳпаймоиро оғоз намуданд. Дар сафи пеши роҳпаймоӣ варзишгарони номӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» саф ороста, сипас ҷавонони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия, донишҷӯён ва хонандагони синни калони мактабӣ бо қироати шиорҳои даъваткунанда роҳпаймоиро то майдони Марказӣ идома доданд.
Дар ҳамоиш дар бобати зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, баргузории раъйпурсии умумихалқиро амри зарурат ва тақозои замон арзёбӣ карданд.
Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон ҷавононро даъват намуданд, ки ба хотири ояндаи дурахшони кишвар, рушди равандҳои демократикунонии ҷомеа, таҳкими меъёрҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум 22 май муташаккилона ба участкаҳои раъйдиҳӣ омада, мавқеи худро муайян намоянд.