Ҷавонони ноҳияи Фирдавсӣ: Иштирок дар маъракаи сиёсӣ бароямон ифтихор аст
Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маъракаи муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ дар комиссияи участкавии райъпурсии №16, ки дар Гимназияи№ 74 ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгир аст, ҷараён дорад.
То соати 15:00 аз 2044 нафар раъйдиҳандаи ба қайд гирифта шуда, 1560 нафараш овози худро аллакай додаанд, ки ин 76 %-и раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 29 нафарашонро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки бори нахуст дар раъйпурсӣ ширкат меварзанд.
Марҷона Каримова мегӯяд: «Бисёр хурсандам, ки ман ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ ҳуқуқи иштирок карданро дар маъракаи сиёсӣ пайдо кардам ва ба хотири дар оянда ҳифз намудани амнияту озодӣ, таъмини рушди Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии халқамон овози худро додам».
«Ман Афсона Мақсудшоева ҳастам, иштирок дар раъйпурсии умумихалқиро қарзи шаҳрвандии худ ҳисобида, раъйи худро барои пешрафти кишвар ва зиндагии осудаи хеш додам ва бовар дорам, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд мегузарад».
Алишер Саидов, ҷавони дигари ин макони овоздиҳӣ чунин изҳор намуд: «Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро хеле хуб дарк менамоям ва барои ояндаи озоду ободии ватани маҳбубамон — Тоҷикистон ва хушбахтии худ овоз додам. Итминон дорам, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҷавонони кишварамон бо иштироки фаъол ва истифода аз ҳуқуқҳои конститутсиониашон раъйи худро озодона ба қабули ин тағйиру иловаҳо изҳор менамоянд».
Манижа ва Таҳмина Султоноваҳо иброз намуданд, ки ба маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табъи болида омадаанд. «Иштирок дар чунин маърака бароямон ифтихор аст ва барои сарсабзию шукуфоии сарзаминамон раъй додем», мегӯянд ҷавондухтарон.
Ёдовар мешавем, ки барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ зиёда аз 4 миллион бюллетени овоздиҳӣ чоп карда шудааст.
Овоздиҳӣ, мувофиқи қонунгузории кишвар соати 6-и субҳ шурӯъ гардида, участкаҳои раъйпурсӣ соати 20-и шом баста мешаванд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






