Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ирсол мекунад
Душанбе, 13.05.2016.(АМИТ «Ховар»). Дирӯз аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки башардӯстона ворид гардид.
«Ин кумаки башардӯстонаро 500 тонна орд, аз он 250 тонна орди навъи якум ва 250 тонна навъи дуюм, 5 тонна чой, 40 тонна макарон, 130 қуттӣ консерваи ширӣ, 90 тонна равғани маска, 5 тонна меваҳои хушк, 90 қуттӣ консерваи гӯштӣ ба маблағи умумии 872977доллари амрикоӣ ё 289828000 тенгаи Қазоқистон ташкил медиҳанд, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда истодааст»,- гуфт Абдукарим Раҳимов, сардори раёсати Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин кумак танҳо дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Агентӣ ҳамчун мақоми ваколатдор онҳоро дар анборҳо ҷойгир намуда, ба Ҳукумат ҳисобот пешниҳод мекунад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






