Бӯстон: Мулоқот бо занону духтарони хонашин

Май 18, 2016 15:59

Душанбе,18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мазҳака ва драмаи русии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Бӯстон бо ҷалби зиёда аз 250 нафар занону духтарони хонашин ва занони пешоҳанги шаҳр мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода раванди пайвастани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, тамоюлҳои бегонапарстӣ  ва дигар омилҳои номатлуб дар ҷомеаро натиҷаи маърифати пасти шаҳрвандон унвон дода, занону духтаронро барои ҷилавгирӣ аз ин омилҳо ҳамчун бахшандаи нуру зиёи хонадон даъват намуд.
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон полковник Ҳотамҷон Дадобойзода оид ба дастгирии ибтикороти созандаи занону духтарон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ибрози назар намуда, нақши онҳоро дар раванди пойдории оилаҳо муфид арзёбӣ намуд. Номбурда дар баробари ин афзудани сатҳи ҷинояткорӣ байни занону духтаронро омили нигаронкунанда тавзеҳ дода, барои ҷилавгирӣ аз ин омилҳо пешниҳодоти мушаххаси худро баён дошт.
Занони хонашин ва фаъолзанҳои маҳаллаҳои шаҳр баргузории чунин мулоқотро дар амри пешгирии омилҳои номатлуб миёни занону духтарон ва пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ байни онҳо муфид арзёбӣ намуданд.

Май 18, 2016 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»